WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Пайғоми Рушон

Соли 2019 ҷамбаст гардид

Дар  машварати  васеи назди  раиси  ноҳияи Рӯшон, ки  рӯзи 7 январ  дар  толори   мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти   давлатии  ноҳия  баргузор   гардид,  масъалаи  ҷамъбасти  фаъолияти идораву  муассисаҳои  ноҳия мавриди  баррасӣ  қарор  гирифт. 

  Муовини аввали  раиси  ноҳия Гулмаст  Дӯстализода ба  таври муфассал  аз  натиҷаҳои  иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ  сухан  кард.  Роҳбарони   иддае  аз  идораву муассисаҳо перомуни    маърӯзаи   Г.Дӯстализода  изҳори назар карданд.

  Дар  машварат  Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр  Худоёрзода  ва  мувоини  раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси ВМКБ Ёдгор Файзов   ҳузур  дошта,  масъалаҳои  мубраму рӯзмарраи  хоҷагии халқи  ноҳия ва нуктаҳои асосии  паёми Пешвои  миллатро мавриди  таваҷҷуҳи   ширкаткунандагон  қарор  доданд.

  Машваратро раиси ноҳия Фаррух Додхудоев пеш  бурда, изҳори  итминон кард, ки  меҳнаткашони  ноҳияи  Рӯшон  дастуру  раҳнамоҳои Асосгузори   сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияташон  намуда,  30-солагии Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистони азизро    сазовор  истиқбол мегиранд.