Минтақаҳои сайёҳӣ
Соҳаи сайёҳӣ. Мавқеи ҷуѓрофӣ, ёдгориҳои машҳури таърихӣ, ландшафти зебои ноҳия метавонад дар рушди минбаъдаи ноҳияи Рўшон, ҳамчун як минтақаи ҷолиби диққати сайёҳӣ мусоидат намояд. Мардуми хирадманду гармчеҳраи ин сарзамин бо меҳмондўстии хеш метавонад ба ин минтақаи сайёҳӣ файзу баракати тоза бахшад. Ноҳияи Рўшон ҷойҳои таърихӣ дошта метавонанд сайёҳонро ба худ ҷалб намояд. Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар сайти Рўшон шабакаи интернет мунтаъзам дар мавзўи урфу одатҳои миллӣ, дастовардҳои ноҳия ба чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ баргузор шуда, роликҳои таблиѓотӣ пахш карда мешаванд. Дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия барои ҷалби сайёҳон меҳмонхона, ошхона ва ҳаммом дарҳои худро воз намуданд, ки сайёҳон метавонанд аз онҳо истифода баранд. Ноҳия дорои мавзеҳои истироҳатӣ, ҷойҳои тамошобоб ва ёдгориҳои таърихӣ ба монанди Кули Сарез, Боми Ҷизев, Қалъаи Вомар, водии Хуф, мавзеҳои тамошобоби Савноб, Бартанг, Спонҷ ва ѓайра мебошад. Қайд кардан ба маврид аст , ки табиати Рўшон ниҳоят аҷоиб буда рўз то рўз таваҷҷўҳи сайёҳон дар ин минтиқаи зебоманзар зиёд шуда истодааст.
Бо мақсади рушди соҳаи туризм дар ноҳияи Рўшон қарори раиси ноҳия таҳти № 503 аз 11 ноябри соли 2013 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2012 -2014» ва қарори Раиси ноҳияи Рўшон таҳти № 246 аз 22 апрели соли 2011 «Дар бораи тасдиқи консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019 » тасдиқ гардидааст.
Бо мақсади татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон (MSDSP) – Фонди Оѓохон вобаста ба масъалаҳои рушди самараноки фаъолияти туристӣ дар ноҳия семинари омўзишӣ баргузор гардина, аз ҳисоби ҷавонон мутахассис оиди хизматрасонӣ ба сайёҳон, роҳбаладҳо тайёр карда мешаванд, ки ин дар навбати худ барои дар сатҳи баланд қабул ва гусел намудани сайёҳон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ баҳри паст намудани сатҳи бекорӣ дар ноҳия замина ва имкониятҳои муфидро фароҳам меоварад. Дар оянда рушди соҳаи мазкур барои ѓанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ мусоидат хоҳад намуд.
Барои пешбурди сиёсати соҳа ва татбиқи самаранокии он дар ноҳия бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият менамояд. Дар баробари дастовардҳо дар масъалаи рушди сайёҳӣ дар ноҳия душвориҳо низ ба назар мерасанд, зеро ки барои соҳа маблаѓ тамоман ҷудо карда намешавад. Бинобар маҳдуд будани имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, аксар чорабиниҳое, ки дар барнома пешбинӣ гардидааст, сари вақт маблаѓгузорӣ ва иҷро карда намешаванд. Дар фасли тобистон сайёҳони зиёд на танҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвар, балки аз тамоми собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шўравӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ, аз мавзеъҳои гуногуни ноҳия дидан менамоянд. Барои ҷалби бештари сайёҳон ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат зарур аст, ки инфрасохтори сайёҳии ноҳия бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ ва маблаѓгузориҳои мутамарказ ба талаботҳои муосир мутобиқ гардонида шавад.
Инкишофи соҳаи варзишӣ-кўҳнавардӣ барои сайёҳони хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда, яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад.
Мутаассифона, дар ноҳия ташкилоту муассисаҳои муаррификунандаи туризм фаъолият намекунанд. Дар ин самт бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо сабаби надоштани воҳиди корӣ ва ба таври кофӣ маблаѓгузорӣ нагардидани соҳа, танқисии зиёд мекашад. Илова бар ин, ҳанўз ҳавасмандии корхонаҳои муштараки сайёҳии хориҷӣ барои кушодани намояндагиҳои худ дар ин минтақа эҳсос карда намешавад. Захираҳои табиию фароѓатии ноҳия, мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, фарқиятҳои этникӣ, расму оинҳои хоси мардуми ноҳия, қуллаҳои аз 6000 метр баланд, дарёҳои кўҳӣ, гиёҳҳои нодир ва солҳои охир аз барканории ҷуѓрофӣ раҳоӣ ёфтани он, имконият медиҳад, ки дар ноҳия навъҳои зерини туризм ривоҷ дода шаванд:
– кўҳнавардӣ, туризми пиёдагардии кўҳию варзишӣ, лижаронӣ,
– туризми автомобилӣ,
– туризми таърихию маърифатӣ ва этникӣ,
– туризми дохилӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ,
– шикори байналмилалӣ,
– туризми тиҷоратӣ.
Солҳои охир шумораи зиёди сайёҳон барои шикор кардани намудҳои гуногуни ҳайвоноти нодир, аз қабилӣ “Бузи куҳӣ” аз ноҳияи Рўшон дидан менамоянд.
Рушди соҳаи шикори байналмиллалӣ, барои сайёҳони хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои ҷавонони ноҳия метавонад заминаи воқеӣ гузорад.
Дар тўли солҳои 2013- 2014 аз ҳисоби фаъолияти ташкилотҳои туристӣ ва даромади сайёҳони хориҷӣ ба буҷети маҳаллӣ 4,3 ҳаз. сомонӣ ворид гардидааст, ки хеле ночиз мебошад.
Инкишофи соҳаи туризм, имкониятҳои муфидро фароҳам овардааст, ки ин баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ замина гузоштааст. Дар ҷамоатҳо ва деҳаҳо, меҳмонхона ва ошхонаҳо сохта ва кор карда истодаанд.
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати муҳофизат, нигоҳубин ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, олами набототу ҳайвонот, таъмини устувории рушди табиат, зиёд намудани саршумори ҳайвонотва паррандагони даштӣ, аз ҷумла бузи куҳӣ, паланги сафед ва ѓайра дар водии Бартанг ташкилоти ҷамъиятии “Парчам” фаъолият менамояд. Зиёда аз 6-8 сол аст, ки ташкилоти ҷамъиятии мазкур дар самти нигоҳдорӣ ва барқарорсозии шумораи бузҳои куҳӣ (козерог) кор бурда истодааст, ки дар ин давра ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидааст.
Воқеан, бештари сайёҳон аз ҳудуди ноҳия бо мақсади аз наздик шиносои пайдо кардан бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, аз қабили кули Сарез, қалъаи Вамар, қалъаи Савноб, қалъаи Нисур, мазори Шоҳтолиби Сармаст, зиёратгоҳи «Мушкилкушо», зиёратгоҳи «Шоҳ Носир», хонаи Динҷод, ҷамоатхонаи Дерзуд ва ѓайра сафар менамоянд.
Дар асл бошад бошад шумораи сайёҳони ѓайрирасмӣ, ки мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияро пайваста дидан менамоянд хеле зиёд мебошад. Мушкили асосие, ки дар ин самт ба назар мерасад ин номукаммал будани расмиёти бақайдгирӣ ва тартиби иҷозатномагирӣ мебошад. Зеро тибқи расмиёти бақайдгирии муқарраргардида, сайёҳон дар сатҳи миллӣ ба қайд гирифташуда, маблаѓи пардохти иҷозатномаро низ дар марказ месупоранд. Дар навбати худ, буҷети маҳаллӣ аз даромадҳои соҳа бе канор монда, руди устувори соҳаро дар сатҳи маҳаллӣ таъмин карда наметавонад.
Кули Сарез. Кули мазкур санаи 5 (18) феврали соли 1911 ҳангоми ба миён омадани заминларзаи сахт (9 бал) ва баста шудани маҷроҳи дарёи Мурѓоб ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷаи он, обхезӣ ба амал омада, деҳаи Усойро пурра несту нобуд гардонида, сарабанди табии баландиаш 567 метрро ба миён овард.
Оби ҷамъшуда худи мамон сол деҳаи Сарезро зер намуда, бинобар ин кули номбурда номи Сарезро соҳиб гаштааст. Дарозии кули мазкур 55,8 км, чуқурӣ – 500 м, баланди об аз сатҳи баҳр кариб 3263 м, ҳаҷми об беш аз 16 км3 – ро ташкил медиҳад. Баландии куҳҳои гирду строфи онро иҳотанамуда беш аз 2416 м – ро ташкил медиҳад.
Дар соли 2000 – ум ҳукуматҳои 4 кишвари манфиатдор – Қазоқистон, Қирѓизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба дастгирии зеҳнӣ ва молиявӣ ҷиҳати баратараф намудани мушкилиҳои Кули Сарез муроҷиат намуданд. Дар худи мамон сол таҳти идории Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи байналмилалӣ оѓоз гардид, ки номи «Кули Сарез: лоиҳаи оид ба кам кардани хавф» – ро гирифт.
Қалъаи Вамар. Қалъаи мазкур ёдгории таърихист, ки оиди сохтмони он ақидаҳои мухталифи шифоӣ мавҷуд аст. Тибқи иттилои бархе аз пирони Рўшон Қалъаи Вамар дар қарни XI сохта шудааст ва ривояте аст, ки сохтмони қалъаро ба шоҳи Рўшон ду тан орифи мазҳабӣ Шоҳтолиби Сармаст ва Саидҷалоли Бухорӣ ҳангоми сафари хеш ва дар Рўшон сукунат доштанашон, тавсия додаанд. Тибқи иттилои баъзе расонаҳо тахмин меравад, ки қалъа дар асрҳои XI-XII мелодӣ сохта шудааст.
Иоанни Горненский дар китоби хеш таҳти унвони «Тайны Памира» менависад, ки «Бузургтарин Қалъа», ки то замони мо омада расидааст дар резишгоҳи дарёи Бартанг, дар ноҳияи Рўшон мавҷуд аст. Барои сохтмони қалъа ҳамаи мардони аз 16 – сола болои Рўшону Бартангро иҷборан сафарбар намудаанд. Кор бе музд ва сарфиёти ѓизо низ аз ҳисоби мардум анҷом ёфтааст. Сохтмони қалъа се сол давом ёфта, аз се дарвоза ва шаш тўбхона иборат мебошад. Дар зери чанор ѓори чоҳи обдузде канда буданд, ки ба воситаи он аз лаби дарёи Панҷ пинҳонӣ об мекашонидаанд. Баландии деворҳои Қалъа дар поён 7 м. ва дар боло 3 м. будааст. Санги сохтмонро мардум аз мавзеи Чавнроб ба шакли қатор даст ба даст кашонда меоварданд.
Дар атрофии қалъа боѓи бузургеро бунёд намудаанд, ки дар он дарахтони себ, олу, зардолу, нок , тут, синҷит ва ѓайра парвариш меёфтанд. Қалъаи Вамар аз мўҳташамтарин ёдгориҳои таърихии ноҳияи Рўшон ба ҳисоб меравад ва то аввали солҳои 30- юм ҳамаи сохторҳои ҳукуматӣ – ҳокимони аҷнабӣ, афѓонҳо, аморати Бухоро, ҳукумати подшоҳии рус, ҳокимияти муваққатӣ ва сарварони сохти нави Шўравӣ роҳбариятро ба мардуми Рўшону Бартанг маҳз аз ҳамин қалъа ба роҳ мемонданд.
Қалъаи Вамар маркази маъмуриву сиёсӣ дар тўли қарнҳо ба ҳисоб мерафт ва фақат дар солҳои Ҳокимияти Шўравӣ макони ҳокимият будани худро гум кард. Дар қалъа сарҳадбонон ҷой гирифтанд ва тўли 70 сол сарбозон қалъаро ба вайронае табдил доданд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қалъаи Вамар ба номгўи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дохил шуд ва соли 2008 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири Қалъаи Вамар воистаҳои молиявӣ ҷудо намуда, қисман деворҳои қалъа аз нав таъмир ёфтаанд, аммо қалъа то кунун симои қаблии худро пайдо накардааст.
Қалъаи Савноб. Ин қалъа яке аз ёдгориҳои таърихии Рўшон ба ҳисоб меравад, ки таърихи оѓоз ва анҷоми сохтмони он то ҳануз номаълум боқӣ мондааст. Қалъаи Савноб тўли қарнҳо мардуми деҳаро аз тохтутози аҷнабиёну душманон паногоҳ мебурдааст. Ин қалъа дар болои кўҳи сар ба нишеби сўйи дарёи Бартанг сохта шуда, мардуми Савноб то инқилоб дар ҳамин қалъа зиндагӣ мекарданд. Қалъа аз хонаҳои алоҳида, тоқҳои посбонӣ, дидбонгоҳҳо дар чаҳор тарафи девори қалъа иборат мебошад.
Бошандагони Бартанги боло имрўз ҳам ривоят мекунанд, ки Қалъаи Савноб макони истиқомати аҳолии Савноб ба ҳисоб мерафт ва деворҳои бузурги он мардумро аз истилои афѓону дарвозиҳову қирѓиз паноҳ медоштанд. Қалъаи Савноб дар аввалҳои асри XX хароб гардида, алҳол аз қалъа деворҳои валангор боқӣ мондаасту халос.
Қалъаи Нисур. Қалъаи Нисур дар деҳаи Нисури водии Бартанг воқеъ гашта, асрҳои гузашта мардуми ин диёрро аз ҳамлаи аҷнабиён ва тохтутози душманон паноҳ мебурд. Ин қалъа масоҳати қариб 1 гектарро дар бар гирифта, болои теппаи хушҳаво, рў ба суи дарёи Мурѓоб сохта шуда буд. Санаи 5 (18) феврали соли 1911 дар водии Бартанг заминҷумбии сахте ба амал омад, ки бар асари он деҳоти гирду атрофии маркази заминларза вайрону валангор гаштанд. Аз ҷумла, қалъаи Нисур несту нобуд гардида, дар натиҷаи он 86 нафар, хурду калони сокини қалъа ба ҳалокат расиданд. Фақат баъди як сол (1912) дар деҳаи Нисур боз хонаҳои нав сохта шуда, дар ин макон ҳаёт дубора аз нав эҳё гашт.
Дар даврони Шўъравӣ, ба ҷои қалъаи мазкур мактаб сохта шуда, ҳоло бошад дар баъзе ҷойҳо таҳкурсии девори қалъаро мушоҳида намудан мумкин асту халос.
Мазори Шоҳтолиби Сармаст. Мазори Шоҳтолиби Сармаст яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳияи Рўшон ба ҳисоб меравад ва ривояте аст, ки Пир шоҳ Носири Хусрав, Шоҳтолиби Сармаст, Саидҷалоли Бухорӣ ва чанд тан аз саидҳо ва хизматгорони хеш аз ҷониби Хуросон барои ташвиқи мазҳаби исмоилия дар нимаи дуюми асри XI милодӣ ба сафар мебароянд. Онҳо дар вилоятҳои Хуталон, навоҳии Дарвоз ва Ванҷ вазъ хонда, мардумро ба мазҳаби исмоилия даъват мекарданд ва баъдан дар чорроҳаи Язѓулому Рўшон аз ҳам ҷудо мешаванд. Шоҳтолиби Сармасту Саидҷалоли Бухорӣ ба тарафи Язѓулом рафта, байни мардуми ин водӣ ақоиди фалсафии худро ташвиқ карда, пас тавассути дараи Язѓулом ба аѓбаи Водудӣ ба Вамар мерасанд. Пир Шоҳ Носир тавассути роҳи Рўшон ба Вамар мерасад ва мебинад, ки Шоҳтолиби Сармасту Саидҷалоли Бухорӣ ҳанўз ба Вамар нарасидаанд. Аз ин хотир, ба пешвозашон мебарояд ва дар ҷое дам мегирад, ки Шоҳтолибу Саидҷалол ҳам мерасанд. Ин мавзеъ аз он замон то ба мо бо номи остони Дамгоҳ машҳур аст. Пирони хирад дар ҳамин ҷо вохўрда пас ба мавзеи Лангари Вамар меоянд.
Мардуми Рўшон дар мавзеи Лангари деҳаи Вамар барои ин се пир хонаи маърифат ва Қаландарчод (хонаи қаландарҳо) месозанд. Дар Қаландарчод мусофирон дам мегирифтанд ва шабро бо ташвиқи маърифати мазҳабӣ рўз мекарданд.
Ҳангоми тарѓибу ташвиқи чандмоҳа Шоҳтолиби Сармаст касал мешавад ва дар Вамар вафот мекунад. Шоҳтолиби Сармастро, ки аз орифони хирадманд буд ва барои такмили дину диндорӣ ва таълими ақлу хирад ва фалсафаи нотакрор ба мардуми Рўшон хизмати бузургеро анҷом додаст, дар даромадгоҳи Вамардара ба хок месупоранд, ки минбаъд он мазораш аз асри XI то ин замон бо номи Шоҳтолиб маълум аст. Мардуми Рўшон ба ин марди хирад эътиқод пайдо намуд ва мазорашро обод карданд, ки тўли 10 аср он макони ҷамъ омадани орифони Рўшон гардид.
Мазори Шоҳтолиб як мавзеи зебоманзараи Рўшон мебошад, ки мардум ва меҳмони дурру наздик аз замони қадим ба он дилбастагии хоса доранд.
Зиёратгоҳи «Мушкилкушо». Таърихи Мушкилкушоро то ба имрўз касе намедонад ва тибқи гуфтаҳои Гулосмамад Қурбонмамадови 88 солаи сокини деҳаи Емс оиди остони Мушкилкушо ривояте ҳаст: «Дар замонҳои хеле қадим Ҳазрати Алӣ гўё ба Бадахшон омада, гузараш ба водии Бартанг меафтад. Тахтакўҳи бузурге роҳро банд карда буд ва мардум на бо асп мегузашту на бо хару на пиёда. Ҳазрати Алӣ бо асояш тарафи тахтасанги кўҳи луч ишора кард, то кўҳ шикоф шуд. Худ дохили он гашт ва аз нураш тамоми деҳаи Емс равшан шуд.
Ҳавзарати Алӣ гуфт, ки ин мушкилкушои ҳамаи кор, чи роҳу, чи зиндагии шумо ва ҳар кассе, ки ба ҳамин су роҳ гираду аз ин остон зиёрат намояд, то роҳаш бехатар гардад. Ин ҳаст, ҳар мусофир, ки ба сафари Бартанг мебарояд аз зиёратгоҳи Мушкилкушо аёдат мекунад ва муроди хешро металабад».
Зиёратгоҳи «Шоҳ Носир». Остони Шоҳ Носир дар деҳаи Деррўшони ноҳия Рўшон мавҷуд аст. Тибқи ривояти мардумӣ остони Шоҳ Носир таърихи қадим дорад. Маҳз дар ҳамин ҷой, ки алҳол зиёратгоҳ мавҷуд аст, Пир Носири Хисрав бо мардуми Рўшон мулоқот доштааст ва байти машҳури худ:
Равшандилони Рўшон оинаи сафоянд,
Ѓам аз дили ѓарибон сайқал зада зудоянд.
-ро дар ҳамин макон гуфтааст.
Хонаи Динҷод. Нахустин Пире, ки мулки Рўшон ба ихтиёраш гузошта шуда буд Шоҳзода Ҳасан ном дошт ва тахминан нимаи аввали асри XII дар Баррўшон муқим шудааст. Пирони Рўшон дар замони Имом Халилуллоҳи Алӣ ( имоми 45- ум ) хонаеро дар мавзеи Индарбисти Баррўшон бино кардаанд, ки минбаъд бо номи Динҷод машҳур шуд. Динҷод тақрибан дар миёнаи солҳои 1846-1848 аз ҷониби Пир Мирзобандалӣ сохта шудааст
Ҷамоатхонаи Дерзуд. Ҷамоатхонаи Дерзуд низ аз ёдгориҳои таърихии мардуми Рўшон аст, ки соли 1922 сохта шудааст. Дар ин ҷамоатхона мардуми Дерзуду Барзуд намоз мегузоштанд ва солҳои 30-юми асри гузашта, дар ҳудуди ноҳия ҳамаи ҷамоатхонаҳо баста шуда, аксари биноҳои он нобуд гардиданд.
Дар ноҳияи Рўшон, дар соҳаи хизматрасонии бонкӣ ҶСП «Агроинвестбонк», Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ҶСП «Тоҷиксодиротбонк», Аввалин бонки молиявии хурд ва Бонки хурди молиявии “Рушди Помир” ба амалиётҳои бонкӣ машѓуланд.