WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Маориф Ҷавонон

ИШТИРОКИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ АЗ НОҲИЯИ РУШОН ДАР “ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ” барои солҳои таҳсили 2019-2020!

Санаи 18 июни соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ маросими супоридани стипендияи Президентӣ ба толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят бо иштироки Ëдгор Файзов, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ризо Назарзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ толибилмон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рушон:

– Муборакқадамов Амин, хонандаи синфи 8-уми МТМУ #9,

– Қурбонгули Мамадносир, хонандаи синфи 11-уми МТМУ # 10

– Худододова Илмия, хонандаи синфи 10-уми МТМУ #5

низ ширкат варзида, ба онҳо аз тарафи раиси вилоят ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идрори Президентӣ тақдим гардиданд. Мавриди зикр аст, ки озмуни мазкур ҳар сол байни хонандагони фаъол ва аълохони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида, барои ғолибони озмун дар давоми сол ҳар моҳ идрори Президентӣ ба маблағи 460 сомонӣ муқарар гардидааст!

Ҳамзамон Муборакқадамов Амин дар ҳамоиш баромад намуда, изҳору сипоси худро ба роҳбарияти ҳукумати кишвар ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон!