Аз рӯи нақшаи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон бахшида ба «Рӯзи Модар » озмуни «Аллаи Модар » байни ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид. Низомномаи озмуни мазкур аз 8 шарт иборат буда , аъзои ҳакамон ба ҳар як шарт вобастшуда, ба ҳунарнамоии иштирокчиён баҳогузорӣ менамоянд.
Озмуни мазкур таърихи 25 феврал дар толори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ бо иштрокчиёни Ҷамоати деҳоти Рушон баргузор гардида, онҳо аз рӯи ҳар як шарт ҳунари хешро нишон доданд.
Таърихи 27 ва 28 феврал дар Ҷамоати деҳоти Бартанг ва Ҷамоати деҳоти Пастхуф озмуни мазкур баргузор гардид.
Таърихи 3 март ин озмун дар Ҷамоати деҳоти Н.Додхудоев бо як шукӯҳи шаҳомати хоса гузаронида шуд.